Дешам оиди саломатии Мбаппе ҳарф зад

Дешам оиди саломатии Мбаппе ҳарф зад

Сармураббии мунтахаби Фаронса Дидйе Дешам дар бораи вазъи Килиан Мбаппе, ки дар бозии охирини даври якуми марҳилаи гурӯҳии Евро-2024 бо Австрия (0:1) бинӣ шикаста буд, ибрози назар кард.

“Фардо санҷишҳои бештар гузаронида мешаванд, то бубинанд, ки вазъ чӣ гуна инкишоф меёбад. Зарба назаррас буд, аммо кормандони тиб барои кам кардани зарар ҳама кори заруриро карданд. Ҳатто агар ин санҷишҳо зарурати ҷарроҳиро нишон надиҳанд, баъдтар лозим мешавад. Ӯ ин субҳ каме беҳтар буд. Мо ҳар рӯз ӯро бодиққат назорат хоҳем кард "гуфтааст, Дешам.

Ёдовар мешавем, ки қаблан хабар дода шуда буд,ки ҳамлагари тими миллии Фаронса Килиан Мбаппе дар бозиҳои боқимондаи марҳилаи гурӯҳии Евро-2024 иштирок намекунад.