“Девҳои сурх” аз пайи Гризманн шуданд, то...

“Девҳои сурх” аз пайи Гризманн шуданд, то...

Ҳуҷумкунандаи бошгоҳи  «Атлетико Мадрид» - Антуан Гризманн, ки аз «Барселона» ба иҷора гирифта шудааст, метавонад  дар равзанаи зимистона ба дастаи “Манчестер Юнайтед” гузариш кунад.  Роҳбарияти “Девҳои сурх”  ба Гризманни 31 сола мароқ зоҳир кардааст.

Тибқи хабаргузориҳо  чунин гузариш метавонад ба вуқӯъ ояд, агар "Атлетико" ва "Барселона" баҳси худро дар бораи мавқеъи Гризманн ҳал накунанд. “Атлетико” танҳо як маротиба ба Антуан иҷозат дод, ки дар ин мавсим зиёда аз 30 дақиқа бозӣ кунад.  Агар ҳамлагар шумораи муайяни дақиқаҳоро бозӣ кунад он вақт тими шаҳри Мадрид  ба “Барселона” 40 миллион евро пардохт созад. "Барселона" омодааст, ки  "Атлетико"-ро барои вайрон намудани қоидаи шартнома ба суд бидиҳад.  Худи Гризманн дар ин  бора то ҳол чизе нагуфтааст.