Деваштич Убайдӣ дар Қаҳрамонии ҷаҳон панҷум шуд
Имрӯз дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мусобиқаи ҷаҳонии самбо оғоз гардид. Дар мусобиқаи мазкур кишвари мо Тоҷикистонро 9 варзишгар муаррифӣ доранд.
Паҳлавони мо Деваштич Убайдӣ зери вазни 79 кг дар рӯзи якуми мусобиқа дар даври аввал Аҳмади Абдулбосит аз Афғонистонро бо ҳисоби 10 бар 1 мағлуб карда, дар даври дуюм Борис Шатверяни арманиро бо ҳисоби 10 бар 0 бидуни мушкили шикаст дод.
Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ паҳлавони мо бо як ҳунару маҳорати воло пеш аз муҳлат Леонел Мбалла аз Камерунро мағлуб карда, ба даври нимниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳони самбо роҳ ёфт.
Дар даври нимниҳоӣ паҳлавони мо Деваштич Убайдӣ аз намояндаи бетараф Денис Калинин бо ҳисоби 1 бар 2 мағлуб шуда, барои нишони биринҷӣ бо Иван Харков аз Булғористон мубориза бурда, шикаст хӯрд ва мақоми панҷумро касб кард.
Қобили зикр аст, ки Акмалиддин Каримов (58 кг) дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм аз Карен Саргсяни арманӣ мағлуб шуд ва мусобиқаро тарк кард. Нерӯсанҷии ин ду паҳлавон то ба охир сахту сангин ҷараён гирифта, бо ҳисоби 6 бар 5 ба фоидаи Саргсяни 23 сола анҷом ёфт.
Паҳлавони дигари мо Халид Толибзода (88 кг) дар самбои размӣ дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм аз намояндаи бетараф Абусупиён Алихонов бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст хӯрд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2023 Акмалиддин Каримов дар Қаҳрамонии ҷаҳони самбо дар шаҳри Еревани Арманистон ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ёфт.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон се қаҳрамони ҷаҳон дар самбо Беҳрӯз Хоҷазода (2017), Хушқадам Хусравов (2018), Акмалиддин Каримов (2021) дорад.