Дэвиан Кимброи 13-сола аввалин бозии касбиашро дар футбол анҷом дод

Дэвиан Кимброи 13-сола  аввалин бозии касбиашро дар футбол анҷом дод

Ҳамлагари 13-солаи амрикоии дастаи "Сакраменто" - Дэвиан Кимбро аввалин бозии расмиашро дар футбол доир кард.

“Пас аз як-ду дақиқаи гол, мураббӣ ба ман маслиҳат дод, ки гарм шавам. Пас аз он ман фаҳмидам, ки дар бозӣ хоҳам буд. Дар аввал каме асабонӣ будам, аммо дар ман як эҳсоси шодмонӣ пайдо шуд, ки асабониятамро бартараф кард. Баъд, вақте ки ман дар паҳлӯи довар истода, мунтазири ворид шудан ба бозӣ будам, шунидам, ки ҳама аз пасам номи маро фарёд мезаданд. Ман маҷбур будам, ки аз он хомӯш шавам, то тамаркуз дошта бошам” – гуфтааст, ба нашрияи ESPN - Кимбро .

Дастаи «Сакраменто» дар дивизиони дуюми пурқуввати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бозӣ мекунад. 2 –юми октябр даста бо тими «Лас-Вегас» вохӯрд (2:0). Ҳодисаи таърихӣ дар дақиқаи 87-ум рух дод, ки пас аз задани голи дуюм, мураббии тими “Сакраменто” - Марк Бриггс ҳуҷумкунандаи 31-солаи испанӣ Кекоро бо Кимброи 13-сола иваз кард. Кеко қаблан дар дастаи «Атлетико Мадрид» бозӣ мекард. Дар варзишгоҳи «Heart Health Park» бозингарро бо чапакзании пурмавҷ истиқбол гирифтанд.