Дэвис дар «Лейкерс» боқӣ мемонад

Дэвис дар «Лейкерс» боқӣ мемонад

Дастаи “Лос Анҷелес Лейкерс” дар бораи тамдиди қарордод бо ҳамлагар Энтони Дэвис эълон кард. Шартҳои созишномаи тарафайн номаълум боқӣ мондаанд, аммо қаблан дар ВАО хабар дода шуда буд, ки баскетболбоз ба мӯҳлати панҷ сол ва маоши 190 миллион доллар шартнома имзо мерасонад. Дэвис аз мавсими 2019/20 дар “Лейкерс” фаъолият мекунад. Бо кӯмаки ӯ ва ҳамдастагонаш “Лейкерс” дар мавсими гузашта қаҳрамони НБА шуд.