Деян Тумбас - беҳтарин бозигари октябр дар Лигаи олӣ
Ҳамлавари сербтабори “Хуҷанд” Деян Тумбас беҳтарин бозигари октябр дар Чемпионати Тоҷикистон дониста мешавад. Дар ин бора Лигаи олии футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ӯ дар 2 бозии Лигаи олӣ ва як бозии Ҷоми Тоҷикистон беҳтарин футболбоз дар майдон давоми моҳи октябр эътироф гардид. Дар маҷмӯъ дар Лигаи олӣ 4 гол ва дар Ҷоми Тоҷикистон 6 гол ба самар расонидааст.
Ба ҷоизадорони Лигаи олӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 (се ҳазор) сомонӣ аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон тақдим мегардад.