Дезире Дуэ барандаи ҷоизаи “Golden Boy” дар соли 2025 шуд

Дезире Дуэ  барандаи ҷоизаи “Golden Boy” дар соли 2025 шуд

Ҳамлагари 20 солаи мунтахаби Фаронса ва дастаи “ПСЖ” - Дезире Дуэ ҷоизаи “Golden Boy”-ро дар соли 2025 соҳиб шуд. Ҷоизаи мазкур ба беҳтарин бозигари ҷавони Аврупо дода мешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии тими “ПСЖ” расман хабар додааст.

Маросими ҷоизасупорӣ 1-уми декабр дар шаҳри Турини Италия баргузор шуд. Дуэ изҳор дошт, ки ин ҷоизаро ба оилааш мебахшад.

Мавриди зикр аст, ки Дуэ тобистони соли 2024 аз “Ренн” ба “ПСЖ” бо маблағи 50 миллион евро гузашта буд. Мавсими гузашта, ин бозигари 20-сола бо “ПСЖ” ғолиби Лигаи 1, Ҷоми Фаронса, Суперҷоми Фаронса ва Лигаи чемпионҳо гардид. Дар финали Лигаи чемпионҳо Дуэ ба задани ду гол шарафёб шуд. Дар финал “ПСЖ” бо ҳисоби 5 бар 0 “Интер”-ро шикаст дод, ки натиҷаи рекорди дар бозии ниҳоии Лигаи чемпионҳо маҳсуб мешавад.

Дар ин мавсим, Дуэ дар 8 бозии “ПСЖ” дар ҳама мусобиқаҳо ширкат карда, 3 гол зада, 1 паси головар анҷом додааст. Шартномаи ӯ бо клуб то тобистони соли 2029 эътибор дорад.

Ёдовар мешавем, ки ҷоизаи “Golden Boy” аз ҷониби нашрияи итолиёвии "Tuttosport" соли 2003 таъсис дода шудааст. Ин ҷоиза ба футболбозони барҷастатарини то 21-сола, ки дар лигаҳои беҳтарини Аврупо бозӣ мекунанд, дода мешавад. Соли 2024 ҷоизаи мазкурро ҳамлагари тими мунтахаби Испания ва “Барселона” – Ламин Ямал соҳиб шуда буд.