Ди Мария бо “Бенфика” тамдиди шартнома мекунад

Ди Мария  бо “Бенфика” тамдиди шартнома мекунад

Қаҳрамони ҷаҳон дар ҳайати мунтахаби Аргентина Анхел Ди Мария дар мавсими 2024/25 дар ҳайати “Бенфика” бозӣ мекунад.

Рӯзи 1 –уми июл шартномаи вингери 36-сола бо бошгоҳи шаҳри Лиссабон ба охир расид. Аммо, ба иттилои A Bola, Ди Мария бо “уқобҳо” барои як мавсим шартномаи нав имзо мекунад. Ҷонибҳо аллакай ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро идома диҳанд ва аргентинӣ пас аз анҷоми Ҷоми Амрико-2024 расман шартномаро имзо мекунад.

Қаблан хабарҳо оиди ба футболбоз таваҷҷӯҳ доштани «Бешиктош» ва «Росарио Сентрал» вуҷуд доштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими гузашта Ди Мария дар 48 бозӣ дар ҳайати “Бенфика” дар тамоми мусобиқот 17 гол ва 15 партофти головар кардааст.