Дибала ва Келлини бо ашкҳои шашқатор тарки “Ювентус” карданд

Дибала ва Келлини  бо ашкҳои шашқатор тарки “Ювентус” карданд

Дар доираи бозиҳои даври 37-уми чемпионати Италия дастаҳои “Ювентус” ва “Латсио” андари майдони рақобат шудан ва бозии дастаҳо бо натиҷаи мусовӣ 2 бар 2 анҷом ёфт.

Пас аз ин бозӣ ҳуҷумкунандаи даста Пауло Дибала бо ҳаводорони бошгоҳ  худо ҳофизӣ кард. Ин охирон бозии футболбозӣ аргентинӣ дар  ҳайати бошгоҳи шаҳри Турин  маҳсуб мешавад. 

Ҳамчунин Ҷорҷо Келлини ҳам пас аз 18 сол тарки “Ювентус” кард ва бо мухлисон аз самими қалб хайру хуш намуд. Ин ду футболбоз ашкҳои худро дар вақти хайру хуш бо ҳаводорони бошгоҳ дошта натавонистанд.


Дибала дар ҳайати “Ювентус”  давоми 7 соли фаъолият 115 гол , 48 ирсоли головар анҷом дода ,  12 ҷоиза ба даст овардааст.