Дифоъгари "Реал" ҳамдастаи Роналду мешавад

Дифоъгари "Реал" ҳамдастаи Роналду мешавад

Дифоъгари бразилии бошгоҳи “Реал” - Марсело ояндаи наздик Ла Лигаро бо Серияи А иваз мекунад. Ба маълумоти сарчашма бозигари 31 сола нақша дорад, ки тобистони соли ҷорӣ ҳайати “гаразмониҳо”-ро тарк сохта, ба дастаи туринӣ пайваст шавад. Роҳбарияти “Ювентус” низ азм кардааст, ки Марселоро харидорӣ кунад.

Хабар дода мешавад, ки Марсело инчунин имкон дорад, ки ба яке аз дастаҳои МЛС гузариш кунад.

“Реал” низ омадааст, ки бо Марсело шартномаро қатъ намуда, ба ҷойяш Ферлан Мендиро истифода кунад.