Дилшод Назаров дар маросими эстафетаи машъали Бозиҳои Осиёи Тоҷикистонро муаррифӣ кард
Гулхани Бозиҳои Осиёи ба шаҳри Ҳангжоуи Чин омода расид, ки дар ин маросим варзишгари муваффақи тоҷик, қаҳрамони Бозиҳои Олимпӣ - Дилшод Назаров низ иштирок намуд .
Маросими эстафетаи машъали бозиҳо 8-уми сентябр дар кӯли Сихуи шаҳри Ҳангжоуи музофоти Чжэтсзян оғоз шуд. Нахуст шуда машъалро шиновар, қаҳрамони олимпӣ Ло Сюэтсзюан ба даст гирифт.
Эстафетаи машъали Бозиҳои тобистона дар 11 шаҳри музофоти Чжэтсзян то 20-уми сентябр идома хоҳад кард. 20-уми сентябр гулхан ё машъал ба шаҳри Ҳангжоу баргашт ва дар ин рӯз дар қатори дигарон қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016, дорандаи 3 медали тилло ва 1 нуқраи Бозиҳои Осиёи - Дилшод Назаров таҳти рақами 162 гулханро гирифта, масофаи муайяншударо давр зад.
Миёни намояндагони 45 кишвари қора Дилшод Назаров ягона муаррифгари Тоҷикистон дар эстафетаи машъали Бозиҳои Осиёи ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки дар таърихи Бозиҳои Осиёи - Дилшод Назаров аввалин нафарест, ки дар эстафетаи машъали бозиҳо иштирок меварзад. Ба ҳамин тартиб машъал давоми рӯз дар шаҳри Ҳангжоу давр зада, дар маросими кушодашавии бозиҳо эстафета ба анҷом мерасад. Ҳамарӯза қаҳрамону ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ ва ҷаҳон дар масофаи муайяншуда машъалро мегардонанд.