Довари бозӣ байни тимҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон муайян шуд

Довари бозӣ байни тимҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон муайян шуд

Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистонро, ки 19-уми ноябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ (соати 19:00 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад, ҳакамон аз Қатар доварӣ мекунанд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ, довари ФИФА Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассими 32-сола аз Қатар сардовари бозӣ таъйин шудааст. Дар бозии Қирғизистон – Тоҷикистон ба Абдулраҳмон Ал-Ҷассим ҳамватанҳояш, ёварони довари FIFA – Толиб Салим Ал-Маррӣ ва Сауд Аҳмад Ал-Макалеҳ кӯмак мекунанд. Вазифаи довари чаҳорумро довари ФИФА Теҷас Нагвенкар аз Ҳиндустон ба ҷо меорад. Висва Натҳан Кришнан аз Сингапур нозири доварон ва Ҷаемин Шин аз Кореяи Ҷанубӣ комиссари бозӣ таъйин шудаанд.

Ҷоми ҷаҳон-2022. Марҳилаи интихобӣ

Гурӯҳи «F»

Даври 6-ум

19-уми ноябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:00 бо вақти Душанбе

Қирғизистон – Тоҷикистон

Сардовар: Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассим (Қатар).

Ёварони сардовар: Толиб Салим Ал-Маррӣ, Сауд Аҳмад Ал-Макалеҳ (ҳарду аз Қатар).

Довари эҳтиётӣ: Теҷас Нагвенкар (Ҳиндустон).

Нозири доварон: Висва Натхан Кришнан (Сингапур).

Комиссари бозӣ: Ҷаемин Шин (Кореяи Ҷанубӣ).

Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов