Довари марказии бозии “Ҳосилот” – “Хатлон” аз ҳаққи ҳакамӣ маҳрум карда шуд
Бо қарори Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон довари марказии бозии даври понздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои «Ҳосилот» – «Хатлон» Рустам Нурматов аз доварӣ барканор карда шуд.
Комиссияи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки ба ҳайати он коршиносони хориҷӣ шомиланд, шикояти дастаи «Хатлон»-и Бохтарро пас аз бозии даври понздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023 муқобили тими «Ҳосилот» баррасӣ кард. Вохӯрӣ 3 август дар Варзишгоҳи марказии Фархор баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи «Ҳосилот» анҷом ёфт.
Комиссия лаҳзаи таъйини зарбаи ҷаримавии 11-метраро ба дарвозаи Хатлон, ки ба гол табдил ёфт, баррасӣ намуд. Пас аз таҳлили навор комиссияи доварони ФФТ қарори Рустам Нурматовро дар бораи таъйини зарбаи 11-метра хато эътироф кард, зеро қонуншиканӣ нисбати бозигари «Ҳосилот» берун аз ҷаримагоҳи «Хатлон» содир шудааст.
Бар асоси ин, кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки довар Рустам Нурматовро аз ҳакамии ҳамаи бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон барои се давр барканор кунад.
Илова бар ин, бо қарори кумитаи доварони ФФТ ёвари дуюми довари марказӣ Исломҷон Холиқов, ки дар бозии «Ҳосилот» - «Хатлон» кор мекард, барои суханони қабеҳ нисбат ба футболбоз барои ду давр аз ҳакамӣ маҳрум карда шуд.