Доварии бозиҳои чемпионати Тоҷикистон: муҳимтарин нуктаҳо матраҳ шуданд

Доварии бозиҳои чемпионати Тоҷикистон: муҳимтарин нуктаҳо матраҳ шуданд

Дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и пойтахт бо иштироки ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, директори генералии ЛФТ Сайвалӣ Шоқурбонов, сардори департаменти доварону нозирони ФФТ Рустам Абдуллоев бо доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон масоили марбут ба кори доварӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз ҷумла омодагӣ барои истифодаи низоми VAR дар бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон, таҳлили доварӣ дар бозиҳои баргузоргардида аз зумраи мавзӯҳои муҳимтарини матраҳшуда буданд.

Аз ҷониби роҳбарияти ФФТ қайд гардид, ки аз доварӣ нуфуз ва манзалати мусобиқоти бошгоҳӣ вобастагии калон дорад.