Доварон аз Чин бозии дастаҳои Тоҷикистон ва Урдунро ҳакамӣ мекунанд

Доварон аз Чин бозии дастаҳои Тоҷикистон ва Урдунро ҳакамӣ мекунанд

Довароне, ки дар бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун кор мекунанд, маълум шуд.

Довари марказии ин вохӯрӣ довари ФИФА Фу Минги 41-сола аз Чин таъйин гардид. Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Жоу Фей ва Жанг Ченг кӯмак мекунанд. Довари дигар аз Чин Ма Нинг довари эҳтиётӣ интихоб шуд. Дар VAR Иида Юмпей аз Ҷопон кор карда, ёвари VAR Сивакорн Пу-Удом аз Таиланд хоҳад буд.

Бозии 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун 2-юми феврал дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Доҳа баргузор шуда, соати 14:30 ба вақти маҳаллӣ (16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.