Доварони бозии “Истиқлол” – “Ал-Дуҳайл” маълум шуданд

Довари асосии ин бозӣ довари ФИФА Муҳаммад Ал-Алӣ аз Қувайт хоҳад буд. Ба ӯ ба ҳайси доварони канорӣ ҳамватанонаш Абдулҳадӣ Ал-Анезӣ ва Аҳмад Аббос кумак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба души Ван Ди аз Чин вогузор шудааст. Видео доварони VAR – Абдулло Ҷамоли, ва Али Иброҳим, ҳарду аз Қувайт ва Ҷаҳонгир Саидов аз Ӯзбекистон мебошанд.
Назир Ҳусайн Муҳаммад Ҳанифа аз Сингапур нозири доварон ва Равишанкар Ҷайараман аз Ҳиндустон комиссари бозӣ таъин шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии даври ифтитоҳии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ал-Дуҳайл”- и Қатар рӯзи сешанбеи 19 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе соати 21:00 баргузор мегардад.