Довталабони Виктор Осимхен зиёд мешаванд...
Дастаи “Ливерпул” имкони ба даст овардани ҳамлагари 26-солаи “Наполи” Виктор Осимхенро баррасӣ мекунад. Ӯ мавсими гузаштаро ба таври иҷора дар “Галатасарой” –и Туркия гузаронид. Дар ин бора Give Me Sport хабар медиҳад.
Бино ба маълумотҳо, монеа дар роҳи гузариши футболбози нигериягӣ ба дастаи “Ливерпул” метавонад маоши ӯ бошад — тақрибан 400 ҳазор фунт (468 ҳазор евро) дар як ҳафта. Дар айни ҳол “Галатасарой” довталаби асосӣ барои ба даст овардани Осимхен ба ҳисоб меравад, лек бозигар ба хотири гузариш ба як клуби бонуфузи Аврупо розӣ аст то маошаш кам карда шавад.
Дар мавсими гузашта, Осимхен дар 41 бозӣ дар ҳамаи мусобиқот иштирок карда, 37 гол ва 8 партофти головар анҷом дод. Қарордоди феълии футболбоз бо “Наполи” то тобистони соли 2026 амал мекунад. Тибқи маълумоти Transfermarkt, арзиши бозории ӯ 70 миллион евро мебошад.
Ёдовар мешавем, ки яке аз довталабони дигари Осимхен ин тими “Манчестер Юнайтед” мебошад.