Ду дастоварди нодири мунтахаби Камерун дар Ҷоми Африқо

Ду дастоварди нодири мунтахаби Камерун дар Ҷоми Африқо

Мунтахаби футболи Камерун бо истиқбол аз дуюмин пирӯзии хеш дар марҳилаи гурӯҳӣ аввалин иштирокчии марҳилаи   1/ 8 ниҳоӣ гардид.  Дар пирӯзии мунтахаби Камерун бар муқобили Эфиопия (4:1) дублҳои  Карл Токо Экамби аз “Лион” ва Венсан Абубакар аз “Ан- Наср” асос гузоштанд. Аз ҳайати Эфиопия бошад голи ягонаро Дава Хотессаи “Адама Сити” ба номаш мӯҳр зад.


Камерун бо ҳамин шаш хол аз ду бозӣ гирифта, роҳ ба самти плей-офф пеш гирифт. Дастоварди дигари чашмрас аз ҳайати футболи Камерун ин се голи Винсент Абубакар   дар се  бозии аввали Ҷоми Африқо чун такрори нахусти дастоварди Это' О аз соли 2008 гардид.


Ҷоми Африқо. Гурӯҳи А. Даври 2-юм

Камерун 4:1 Эфиопия

Голҳо:

Хотесса, 4 (0:1). Токо Экамби, 8 (1:1). Абубакар, 53 (2:1). Абубакар, 55 (3:1). Токо Экамби, 67 (4:1)

Камерун

Онана, Нгаде-Нгадҷюи, Фай, Кастеллетто, Толо (Ойонго, 79), Муми Нгамале (Нжи, 70), Замбо Ангисса, Онгла, Абубакар (Баокен, 79), Токо Экамби (Ганаго, 70), Шупо-Мотинг (Леа Силики, 56)

Эфиопия

Шанко, Ҳамид, Дебебе, Тамене, Юсеф (Рашид, 80), Муҳаммад (Мелаю, 72), Дагначев (Соломон, 46), Йоханнес, Носир, Гебремихаэл (Кебеде, 84), Хотесса (Гугеса, 73)

Муҷозотҳо:

Онгла 7, Онана 88 - Дагначев 15