Ду голи Муссо, ду корти сурхи ду даста ва як ҳангома дар “Сан Сиро”

Ду голи  Муссо, ду корти сурхи ду даста ва як ҳангома дар “Сан Сиро”

Дар яке аз бозиҳои даври 30-юми рақобатҳои чемпионати Италия дастаи “Интер” бо “Болоня” дидор анҷом доданд. Бозӣ дар варзишгоҳи “Сан Сиро” сурат гирифта бо ғалабаи дастаи меҳмон ба итмом расид.

Нерадзурри бозиро фаъол оғоз намуданд. Шумораи зиёди ҳамлаҳо ба голи Ромелу Лукаку дар дақиқаи 22-юми майдондорӣ овард. Ҳолати дигари хотирмон аз нимаи аввали дидор имконияти голзании Рикардо Орсолини буд, ки аз ӯҳдаи бартараф кардани зарбаи ӯ Самир Ханданович баромад.

Дар қисми дуюми дидор, саҳеҳтараш дар дақиқаи 57-ум футболбози “Болоня” Роберто Сориано бо корти сурх ҷазо дода шуд. Баъд аз чанд дақиқа бошад ба дарвозаи меҳмонон пеналти гузошта шуд, аммо Лаутаро Мартинес аз пеналти тӯбро ба дарвоза ворид кардан натавонист. Новобаста ба шумораи кам буданашон, шогирдони Синиша Михайлович дар дақиқаи 74-ум бо кушиши Муссо Ҷувара ҳисобро баробар карданд. Дар дақиқаи 77-ум бошад дифоъгари “Интер” Бастони корти зарди дуввум гирифта, аз майдон ронда шуд. Баъд аз баробар шудани қувваҳо дастаи меҳмон шумораи ҳамлаҳояшро ба маротиб бештар намуда, дар дақиқаи 80-ум Муссо Барроу ҳисобро ба нафъи “Болоня” афзун кард. Дастаи меҳмон бо натиҷаи 2-1 дастболо шуда, соли дуввум пайдарҳам аз “Сан Сиро” бо 3 имтиёз бармегардад. Дастаи “Интер” баъди ин дидор дар зинаи сеюм боқӣ монда, “Болоня” дар миёнаи ҷадвал қарор дорад.