Ду медали муштзанҳои тоҷик дар Булғористон

 Ду медали муштзанҳои тоҷик дар Булғористон

Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Странҷа” ба хотираи поягузори бокс дар Булғористон ду медали нуқра ба даст оварданд.

Ин мусобиқаи анъанавӣ бо иштироки 261 муштзан (178 мард ва 83 зан) аз 28 кишвари ҷаҳон аз 2-юм то 11-уми феврал дар пойтахти Булғористон – шаҳри София доир гардид.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи бокси ҳаваскорӣ, ки ҳамчун қаҳрамонии хурди ҷаҳон маъруф аст, мардон дар 13 вазн ва занон дар 6 вазн рақобат намуданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи пурнуфуз 9 варзишгар муаррифӣ кард. Аз байни онҳо ду нафар – Асрор Воҳидов ва Миҷгона Самадова – ба финал роҳ ёфтанд.

Асрор Воҳидов дар рақобатҳо байни мардон дар вазни то 60 кило дар аввалин қувваозмоии худ дар даври чорякниҳоӣ бар Баям Азизбек уулу аз Қирғизистон бо қарори якдилонаи доварон (5:0) пирӯзӣ ба даст овард.

Дар даври ниманиҳоӣ Асрор муқобили муштзани узбекистонӣ Дилшод Абдумуродов дастболо шуда, ба финал баромад. Вале Воҳидов дар даври ниҳоӣ аз муштзани узбек Абдумалик Халоқов шикаст хӯрда, бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Миҷгона Самадова бошад, дар сабқати занон дар вазни то 57 кило дар даври аввал ба рақибаш аз Ирландия Михаел Валш (4:1), дар даври дуюм бар Юлия Жеремета аз Лаҳистон (Полша) бо қарори якдилонаи доварон (5:0) ғолиб омада, ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард.

Миҷгона дар нимфинал бар Павлина Олга аз Юнон дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар финал аз Светлана Каменоваи русиягӣ мағлуб шуда, барои ҷойи дуюм бо медали нуқра сарфароз гашт.

Зимнан, Миҷгона Самадова, ки соли гузашта дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин соҳиби медали биринҷӣ гардид, дар байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда ба Олимпиадаи Париж-2024 роҳхат гирифтааст.

Дар мусобиқаи байналмилалии бокс “Ҷоми Странҷа” дар Софияи Булғористон, ки сар аз соли 1950 бори 75-ум доир гардид, дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ӯзбекистон бо касби 14 медал (6 тилло, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд.