Ду варзишгари дар деҳаи Олимпӣ коронавирус шуданд

Ду варзишгари дар деҳаи Олимпӣ коронавирус шуданд

Ду варзишгари хориҷӣ, ки дар қаламрави деҳаи олимпӣ дар Токио ба сар мебаранд, гирифтори коронавирус ҳастанд. Ташхиси ҳар дуи онҳо мусбат баромад, хабар медиҳад Кумитаи тадорукоти Токио - 2020. Феълан дар мавриди ҳувияти варзишгарон чизе маълум нест. Қаблан дар мавриди як варзишгар хабар дода шуд, ки бо коронавирус вориди Ҷопон шудааст. Рӯзи якшанбе 10 мавриди гирифторшавӣ ба коронавирус дар байни кормандону афроди наздик ба созмондиҳандагони ин бозӣ сабт гардид. Рӯзи шанбе аз 15 мавриди беморшавӣ маълум буд. Бозиҳои олимпӣ рӯзи 23 июл оғоз меёбанд ва то 8 август идома хоҳанд ёфт.