Дубли Алишер Ҷалилов ғалабаи “Истиқлол” -ро муқобили “Эсхата” таъмин кард
Дар доираи бозиҳои даври чаҳоруми марҳилаи сеюми чемпионати Тоҷикистон дастаҳои “Истиқлол” ва “Эсхата” ба масофи ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи “Истиқлол” анҷом ёфт.
Голҳои “Истиқлол” – ро Алишер Ҷалилов ду маротиба, Салоҳиддин Иргашев ва Сенин Себай ба самар расониданд. Аз ҳайати “Эсхата” - Бахтиёр Зарипов ва Ойбек Абдуғаффоров ба задани гол даст ёфтанд.
“Эсхата” пас аз бохт имконияти роҳ ёфтан ба мусобиқаҳои осиёиро дар мавсими оянда аз даст дод. Гарчанд даста як бозии дигар дар Лигаи олӣ дорад, аммо ба зинаи дуюм баромада наметавонад.
Ҳамин тавр, як давр пеш аз анҷоми бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2023 дастаи “Равшан”-и Кӯлоб зинаи дуюми мусобиқаро барояш таъмин кард.
“Истиқлол” аллакай пеш аз муҳлат қаҳрамони мусобиқа шуд. Дастаи шаҳри Душанбе маротибаи 12-ум унвони қаҳрамониро ба даст овард. Қаблан бошгоҳи шаҳри Душанбе дар солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021 ва 2022 ғолиби чемпионати Тоҷикистон шудааст.
Ҳамакнун, дар мавсими оянда “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳӣ ва “Равшан” дар марҳилаи интихобии Лигаи Қаҳрамонҳои 2-и Конфедератсияи футболи Осиё – Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.
