Дубли Фермин Лопес ғалабаи “Барселона”-ро бар “Алмерия” таъмин кард
Дар доираи бозиҳои даври 36-уми Ла Лигаи Испания дастаҳои “Алмерия” ва “Барселона” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Алмерия доир шуда, бо ҳисоби 0 бар 2 ба суди меҳмонон анҷом ёфт.
Аз ҳайати “Барселона” бозигари ҷавон Фермин Лопес дубл кард. Нимҳимоятгари 21-сола дар дақиқаҳои 14 ва 67-ум голҳоро ба самар расонид.
Ҳоло «Барселона» бо 79 имтиёз дар зинаи дуюми Ла Лига боқӣ мондааст. “Алмерия” бо 17 имтиёз дар зинаи охири ҷадвали мусобиқот аст. Қаблан ин даста имкони нигоҳ доштани мавқеъашро дар Ла Лига пеш аз мӯҳлат аз даст дод.
