Дубли Месси ба “Интер Майами” дар сафар ғалаба овард

Дубли Месси ба “Интер Майами” дар сафар ғалаба овард

Субҳи имрӯз дар варзишгоҳи “Эксплория” дар шаҳри Орландои ИМА бозии навбатии мавсими муқаррарии MLS миёни дастаҳои “Орландо Сити” ва “Интер Майами” баргузор шуд. Меҳмонон бо ҳисоби 4:2 пирӯз гардиданд. Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни бозӣ мизбонон бо ҳисоби 2:0 пешсаф буданд.

Дар ҳайати ғолибон Матео Силветти, Теласко Сеговия (1 гол ва 2 ассист) ва Лионел Месси (дубл) карданд. Аз ҷониби мизбонон Марко Пашалич ва Мартин Охеда муаллифи голҳо шуданд.

Нимҳимоятгари аргентинӣ Родриго Де Паул тамоми 90 дақиқаро дар майдон сипарӣ кард, аммо бо амали самаранок надошт. Ҳамлагар Луис Суарес ба рӯйхати иштирокчиёни бозӣ шомил набуд.

Дар бозии навбатии MLS “Орландо Сити” 7 март дар сафар бо “Ню-Йорк Сити” бозӣ мекунад. “Интер Майами” 8 март меҳмони “Ди-Си Юнайтед” хоҳад шуд.