Дубли Олунга ғалабаи “Ал-Дуҳайл”-ро бар “Истиқлол” таъмин кард

Дубли Олунга ғалабаи “Ал-Дуҳайл”-ро бар “Истиқлол” таъмин кард

27-уми ноябр дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар шаҳри Доҳа бозии панҷуми худро дар чаҳорчӯби марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» бо қаҳрамони Қатар бошгоҳи «Ал-Дуҳайл» баргузор кард.

Ин дидор дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди мизбонон анҷом ёфт. Голҳоро дар ҳайати тими “Ал-Дуҳайл” – Михаел Олунга дар дақиқаҳои 47-ум ва 89-ум ба самар расонид.

Дар оғози рақобат дар дақиқаи 11-ум футболбозони “Истиқлол” ҳам ба задани гол ноил гардиданд, лек VAR он голро бекор кард. Дар идома футболбозони мо борҳо имкони кушодани ҳисобро доштанд, лек онҳоро самаранок истифода бурда натавонистанд. Рубен Самеду дар ҳайати “Ал-Дуҳайл” дар дақиқаи 90+4 пас аз қоидавайронкуни муқобили Шервони Мабатшоев корти сурх гирифта, тарки майдон кард.

Дар бозии дигари гурӯҳ дар шаҳри Риёз тими “Ал-Наср” бо “Персеполис” мусовӣ 0:0 бозӣ кард ва пас аз ин мусовӣ роҳхати даври плей-оффро соҳиб шуд. Дар даври охир рӯзи 5-уми декабр “Истиқлол” бо “Ал-Наср” ва “Персеполис” бо “Ал-Дуҳайл” андари майдони рақобат мешаванд.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо 13 имтиёз дар мақоми аввал аст. “Персеполис” бо 8 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. “Ал-Дуҳайл” бо 4 имтиёз дар зинаи сеюм ва    “Истиқлол” бо ду имтиёз дар зинаи чаҳорум аст.