Дубли Суарес ба “Атлетико” се имтиёз овард

Дубли Суарес ба “Атлетико” се имтиёз овард

Дар доираи даври 19-уми Ла Лига “Атлетико” дар сафар бо “Эйбар” бозӣ кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Ипуруа” сурат гирифта, бо ҳисоби 1:2 ба фоидаи меҳмонон хатм шуд. 
Ҳисоби бозиро дарвозабони “Эйбар” Марко Дмитрович аз пеналти дар дақиқаи 12-ум кушод. Ҳамлагари уругвайии “Атлетико” пеш аз ин бозӣ дар ҳафт дидори охираш ба дарвозаи “Эйбар” 10 гол ба самар расонида буд. Суарес дар ин бозӣ низ тавонист гол бизанад. Сараввал дар дақиқаи 40-ум ӯ ҳисобро баробар кард ва баъдан дар дақиқаи 89-ум дубл карда, ба “Атлетико Мадрид” се имтиёзи муҳим овард. 
Баъди ин ғалаба “Атлетико” 44 имтиёз касб карда, бо бартарии ҳафт хол дар садри ҷадвал аст. “Эйбар” бо 19 имтиёз дар зинаи 15-ум қарор дорад.

Чемпионати Испания. Ла Лига. Даври 19-ум. 

"Эйбар" - "Атлетико" 1:2

 Голҳо: Дмитрович, 12, (аз пеналти) - Луис Суарес, 40, 89, (аз пеналти)