Дурахши Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар рӯзи аввали Dushanbe Grand Slam 2024

Имрӯз дар қалби Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 оғоз шуд, ки 390 ҷудокор аз 65 кишвари 5 қитъаи оламро ба ҳам овард. Аз ин шумора 204 мард ва 186 бону мебошанд, ки аз рӯи 14 вазн баҳри имтиёзҳои олимпӣ рақобатҳоро шурӯъ карданд.
Дар пешнамоиши мо барои вазни -60 кг дар Гранд Слами Душанбе 2024 мо сабқати се ҷудокори қазоқро барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ байни Нурканат Серикбоев, Магжан Шамшадин ва Елдос Сметовро қайд мекунем, ки ҳоло Серикбоев аз миёни онҳо фаъолтар аст. Бо ҳузури ду нафари аввал аз се нафар дар Душанбе, саҳмияҳо баланд буданд ва мутаассифона барои Серикбоев, ӯ ба шарофати ваза-арии Ҳаята Кондои ҷопонӣ дар даври 2 аз рақобат бармаҳал хориҷ шуд. Бо ин бохт Шамшадин метавонист аз ин фурсат истифода бурда, имтиёзи олимпиро соҳиб шавад ва аз рақибаш пеш гузарад, аммо ӯ дар финал ноком шуд ва имтиёзи камтари олимпиро соҳиб шуд. Ҷудокори мизбон Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар финал бар Шамшадин дар як рақобати сахту сангин зафар ёфт.
Муҳаммадсолеҳ бо пирӯзӣ дар финал муқобили Шамшадини ботаҷриба аввалин тиллои хешро дар мусобиқаҳои Гранд Слам ба даст овард ва соҳиби 1000 имтиёзӣ олимпӣ низ гардид.
Магжан Шамшадин дар ин вазн дуюм шуд. Нишонҳои биринҷиро Ҳайато Кондои ҷопонӣ ва намояндаи бетараф Изнаур Сааев соҳиб шуданд.
Ғолибони вазни -60 кг
1. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (Тоҷикистон)
2.Магжан Шамшадин (Қазоқистон)
3.Ҳайато Кондо (Ҷопон)
3. Изнаур Сааев (AIN)
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамин вазн Тоҷикистонро Меҳрзод Суфиев, Муҳаммад Маҳмадизода ва Ҳақдод Гулов ҳам муаррифӣ карданд, ки миёни онҳо натиҷиа беҳтарро Гулов нишон дод ва мақоми панҷумро соҳиб гашт.