Дурахши Муҳиддин дар Абу-Дабӣ – паҳлавони тоҷик ба финал баромад
Дар шаҳри Абу-Дабии АМА мусобиқаи Abu Dhabi Grand Slam 2025 ҷараён дорад. Дар рӯзи дуюми мусобиқа Тоҷикистонро Абубакр Шеров, Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг ва Сунатулло Мӯсоев, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 81 кг муаррифӣ намуданд. Муҳиддин ба финал баромад ва Сунатулло бо Абубакр барои медали биринҷӣ муборизаро идома медиҳанд. Беҳрӯз бе медал мусобиқаро ҷамъбаст намуд.
Беҳрӯз Хоҷазода (-81 кг) дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм муқобили Георгакис Одиссеас аз Кипр ғолиб омада, ба даври сеюм баромад. Хоҷазода дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ мағлуби Георгий Граматиков аз Булғористон шуда, аз идомаи рақобатҳо дар Abu Dhabi Grand Slam 2025 бенасиб монд.
Абубакр Шеров (-73 кг) дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бар Олин Валттери аз Финландия ғалаба карда, ба даври сеюм роҳ ёфт. Шеров бо мағлуб кардани Казбек Нагучеви мизбон роҳашро ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ ҳамвор намуда, дар ин марҳила Фабрисио Эспосито аз Италияро шикаст дод.
Абубакр Шеров дар марҳилаи нимниҳоӣ аз қаҳрамони ҷаҳон Нилс Стампи швейтсарӣ мағлуб шуд ва барои медали биринҷӣ бо Маҳмадбек Маҳмадбекови мизбон мубориза мебарад.
Сунатулло Мӯсоев (-81 кг) дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бар Тоз Бенедек аз Маҷористонро ғолиб омад ва дар даври сеюм бо Гаджимурод Умаров аз АМА гӯштин гирифт. Пас аз пирӯзӣ бар Гаджимурод Умаров аз АМА ҷудокори мо Сунатулло Мӯсоев боз Нугзари Таталашвили аз АМА-ро шикаст дода, ба марҳилаи нимниҳоӣ баромад. Мӯсоев дар марҳилаи нимниҳоӣ аз Абдул-Карим Тасуев аз Русия мағлуб шуд ва барои медали биринҷӣ бо Гаджидовуд Гасанов аз Баҳрайн мубориза мебарад.
Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бар Лин Гаоҳуии чинӣ зафар ёфта, ба даври сеюм баромад. Қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг дар даври сеюми Abu Dhabi Grand Slam 2025 ҳангома офарид. Асадуллоев бо зӯру бозуи рустамона бо қаҳрамони Бозиҳои Олимпӣ ва қаҳрамони 2 каратаи ҷаҳон - Ҳидоят Ҳайдаров аз Озарбойҷон гӯштин гирифта, ғалаба ба даст овард.
Ин ғалаба бори дигар аз рушди ҷудо дар Тоҷикистон дарак дода, шаҳодат аз он медиҳад, ки паҳлавонҳои мо муқобили ҷудокорони беҳтарини ҷаҳон метавонанд, ки ба пирӯзӣ бирасанд.
Асадуллоев бо ҳунарнамоиҳои ба шеваи худ хос қадам ба қадам ба пеш меравад. Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ Асадуллоев ғалабаро бар намояндаи Руминия - Дзитак Иоан ба даст оварда, роҳашро ба марҳилаи нимниҳоӣ ҳамвор намуд.
Ҷудокори 19 солаи тоҷик ва қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон - Муҳиддин Асадуллоев ба финали вазни то 73 кг дар мусобиқаи Abu Dhabi Grand Slam 2025 роҳ ёфт. Дар марҳилаи нимниҳоӣ Муҳиддин бар Даниел Гаргнин аз Бразилия бо имтиёзи вазарӣ ғолиб омад. Дар финал Муҳиддин бо Нилс Стамп аз Швейтсария гӯштин мегирад.
Ёдовар мешавем, ки аз 28-ум то 30-юми ноябр дар шаҳри Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб, мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо -Abu Dhabi Grand Slam- 2025 баргузор мешавад. Дар мусобиқа 373 ҷудокор аз 52 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.
Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба варзишгарон барои медали тилло 5 ҳазор евро, медали нуқра 3 ҳазор ва нишони биринҷӣ 1500 евро ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад.
Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар феҳристи ҷаҳонӣ соҳиби имтиёзҳо мешаванд. Ғолибон 1000 имтиёз, барандагони ҷойи дуюм 700 имтиёз, ҷойи сеюм 500 имтиёз мегиранд.