Душанбе бори дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мешавад

Душанбе бори дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мешавад

Рӯзҳои 19–20 сентябр шаҳри Душанбе бори дуюм пайиҳам мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мешавад.

Дар ин мусобиқа беҳтарин самбочиёни ҷаҳон дар се намуд — самбои варзишӣ, самбои размӣ ва самбо барои нобиноён (SVI1) барои медалҳо мубориза мебаранд.

Соли гузашта низ Душанбе мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо буд. Мусобиқа дар пойтахти Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор шуда, дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Варзишгарон дар 14 вазн миёни мардону занон дар самбои варзишӣ ва самбои размӣ бо ҳам рақобат карданд.

Барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳони самбои соли гузашта, ба ҷуз Тоҷикистон 8 кишвари дигар – Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Белорус, Булғористон ва Маҷористон ва Русия ширкат варзида буданд.

Ҳамин тавр, баргузории муваффақонаи мусобиқа дар соли гузашта замина фароҳам овард, ки Душанбе имсол низ ин мусобиқаи муҳими байналмилалиро қабул кунад.

Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо яке аз мусобиқаҳои муҳими тақвими байналмилалии ин риштаи варзиш ба ҳисоб меравад. Рӯзҳои 19–20 сентябр таваҷҷуҳи дӯстдорони самбо ба Душанбе равона хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта, варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа ба гирифтани 9 медал ноил гардида буданд. Дар самбои варзишӣ Анӯшервон Назарзода (-58 кг) медали нуқра ва Комроншоҳ Устопириён (-98 кг) бо Хуршед Маҷидзода (+98 кг) ба гирифтани медалҳои биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Дар самбои размӣ Фаридун Одилов (-98 кг), Холид Толибзода (-88 кг) медалҳои тилло, Мустафо Алибеков (-88 кг), Ҷумахони Ҳусайн (-98 кг) медалҳои нуқра ва Исфандиёр Холов (-79 кг) бо Саймуҳаммад Исматзода (+98 кг) медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд.