Душанбе мизбони дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ – “Гӯштингирӣ” мешавад

Душанбе мизбони дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ – “Гӯштингирӣ” мешавад

Рӯзҳои 15–16 августи соли 2026 шаҳри Душанбе мизбони яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои варзишии сол, дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ – «Гӯштингирӣ» хоҳад шуд.

Ин мусобиқа ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, беҳтарин паҳлавононро аз беш аз 70 кишвари ҷаҳон ба пойтахти Тоҷикистон меорад. Интизор меравад, ки чемпионат ба яке аз пурнуфузтарин мусобиқаҳои варзиши ниёгон дар таърихи гӯштингирӣ табдил ёбад ва саҳнаи намоиши маҳорати беҳтарин варзишгарони ҷаҳон гардад.

Чемпионати ҷаҳон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Барои баргузории мусобиқа тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, меҳмонон ва иштирокчиёнро барномаи ҷолиби фарҳангиву варзишӣ интизор аст.

Яке аз ҷиҳатҳои муҳими ин чемпионат фонди ҷоизавии калон мебошад, ки 400 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба ғолибони ҳар як вазн 20 ҳазор доллар, ба соҳибони медали нуқра 10 ҳазор доллар ва ба барандагони медали биринҷӣ 5 ҳазор доллари ИМА тақдим карда мешавад.

Рақобатҳо дар маҷмӯъ дар 9 категорияи вазнӣ баргузор мегарданд, ки аз онҳо 3 вазн барои бонувон ва 6 вазн барои мардон пешбинӣ шудааст. Ин нишон медиҳад, ки мусобиқа на танҳо ба рушди гӯштингирӣ миёни мардон, балки ба пешрафти ин навъи варзиш миёни занон низ аҳамияти махсус медиҳад.

Шукӯҳу шаҳомати ин мусобиқа фараҳбахш хоҳад буд. Пас ҳама ба тамошои мусобиқаи мазкур ба Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии шаҳри Душанбе меоем!

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 30-31-уми августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» баргузор шуда буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе иштирок намуда буданд.

Паҳлавонҳои тоҷик Муллораҷаб Халифаев (-65 кг), Масъуди Аҳмадзод (-71 кг), Шакармамад Мирмамадов (+95 кг), Ҳақназар Назаров (-86 кг) ва Кароматулло Ҳакимов (-95 кг) дар аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ соҳиби медалҳои тилло шуда, унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шудаанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2023 шаҳри Душанбе аввалин Қаҳрамонии Осиё оид ба гӯштини миллии «Гӯштингирӣ» -ро мизбонӣ карда буд.