Душанбе мизбони Гран-прии Осиё-2026 оид ба нардбозӣ мешавад

Душанбе мизбони  Гран-прии Осиё-2026  оид ба нардбозӣ мешавад

Шаҳри Душанбе аз 5 то 11 октябри соли 2026 мизбони Гран-прии Осиё-2026 оид ба нардбозӣ мешавад. Ин мусобиқа марҳилаи сеюми силсилаи Гран-прии Осиё ба ҳисоб меравад.

Рақобатҳо дар маҷмааи фарҳангӣ ва фароғатии «Кохи Наврӯз» баргузор шуда, дар Душанбе варзишгарон ва меҳмонон аз кишварҳои гуногун ҷамъ хоҳанд шуд. Барои иштирокчиёни мусобиқа фонди ҷоизавии 500 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ шудааст.

Баргузории чунин мусобиқаи байналмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон барои рушди нардбозӣ дар кишвар ва ҷалби таваҷҷуҳи бештари варзишгарон ва дӯстдорони ин намуд ба Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад. Ҳамзамон, баргузории Гран-прии Осиё дар Душанбе имкони хубест барои муаррифии пойтахти кишвар ҳамчун яке аз шаҳрҳои мизбони чорабиниҳои бузурги варзишии байналмилалӣ дар минтақа.

Ёдовар мешавем, ки Гран-прии Осиё-2026 аз 5 то 11 октябр дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад ва фонди умумии ҷоизавии он 500 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Маросими кушодашавӣ ва нишасти хабарии мусобиқаи мазкур рӯзи 5-уми октябр, соати 12:00 дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад.