Душанбе – мизбони мусобиқаи навбатии СAFA

Душанбе – мизбони мусобиқаи навбатии СAFA

Дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон дар Душанбе рӯзи ҷумъа, 24-уми январ чемпионати Ассотсиатсияи футболи кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба футзал байни духтарони то 19-сола баргузор мегардад. 6 мунтахаб барои муайян кардани беҳтарин дастаи минтақа талош мекунанд.

Пеш аз оғози чемпионати СAFA-2020 дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он ҳама симоҳои расмии мусобиқа – коммисарҳо, нозири доварон, намонядагони СAFA, Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими наврасони духтарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок карданд.

Зимни баргузории ҷаласаи кумитаи тадорукоти мусобиқа масъалаҳои умумии баргузорӣ ва нуқтаҳои муҳими низомнома баррасӣ шуданд. Ҳамчунин рангҳои либосҳои дастаҳо тасдиқ гардиданд.

Чемпионати СAFA-2020 оид ба футбзал байни духтарони то 19-сола аз 24-ум то 29-уми январ баргузор мегардад. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон дар Душанбе баргузор мегарданд.

Дар умум дар доираи чемпионати СAFA-2020 15 бозӣ баргузор карда мешавад. Мусобиқа аз рӯи низоми даврӣ ҷараён гирифта, ҳар як даста бо ҳамдигар як маротибагӣ дидор анҷом медиҳанд. Дастае, ки аз ҳама бештар имтиёз касб мекунад, ғолиби мусобиқа мегардад.

Чемпионати CAFA-2020 оид ба футзал байни духтарони то 19-сола:

Даври якум

24 январ (ҷумъа)

12:00 – Қирғизистон – Афғонистон

15:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН

18:00 – Ӯзбекистон – Туркманистон

 

Даври дуюм

25 январ (шанбе)

12:00 – Эрон – Афғонистон

15:00 – ТОҶИКИСТОН – Туркманистон

18:00 – Ӯзбекистон – Қирғизистон

 

Даври сеюм

26 январ (якшанбе)

12:00 – Туркманистон – Эрон

15:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

18:00 – Афғонистон – Ӯзбекистон

 

Даври чорум

28 январ (сешанбе)

12:00 – Қирғизистон – Туркманистон

15:00 – Афғонистон – ТОҶИКИСТОН

18:00 – Ӯзбекистон – Эрон

 

Даври панҷум

29 январ (чоршанбе)

12:00 – Туркманистон – Афғонистон

15:00 – ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон

18:00 – Эрон – Қирғизистон