Эҳсон Бобоев дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон нахустин бор ба майдон баромад

Эҳсон Бобоев дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон нахустин бор ба майдон баромад

Нимҳимоятгари дастаи «Вахш»-и Бохтар Эҳсон Бобоев дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон нахустин бозиашро анҷом дод.

Ӯ рӯзи 14-уми октябр дар бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо тими миллии Малдив нахустин бор дар ҳайати мунтахаби кишвар баромад кард. Бозӣ дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Мале баргузор шуда, бо пирӯзии дастаи мо бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт.

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Горан Стеванович дар дақиқаи 70-ум Эҳсон Бобоевро ба майдон баровард.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Горан Стеванович дар даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» дар меҳмонӣ бар Малдив бо ҳисоби 3 бар 0 пирӯз шуда буд.