Эҳтимол Винисиус Ҷуниор беш аз як моҳ ба майдон набарояд

Эҳтимол Винисиус Ҷуниор беш аз як моҳ ба майдон набарояд

Ҷароҳати ҳамлагари дастаи “Реал Мадрид” ва мунтахаби Бразилия - Винисиус Ҷуниор аз он даме, ки дар аввал тахмин зада мешуд, ҷиддӣтар будааст. Дар ин бора The Athletic хабар додааст.

Винисиус дар даври сеюми Ла Лига бар зидди “Селта” рӯзи ҷумъа, ки бо пирӯзии “Реал” бо ҳисоби 1 бар 0 анҷом ёфт, мушакаш осеб дид ва дар дақиқаи 18-ум иваз шуд. Баъди бозӣ сармураббии «Реал Мадрид» Карло Анчелотти гуфт, ки ҷароҳати вазнин ба назар намерасад.

Бо вуҷуди ин, рӯзҳои шанбе ва якшанбе Винисиус аз муоинаи тиббӣ гузашт, ки нишон дод, ки ҷароҳат назар ба гумони аввал муҳимтар аст.

Имрӯз, 28-уми август, футболбози 23-солаи бразилӣ мунтазири муоинаи навбатии тиббӣ аст. Эҳтимол аст, ки Винисиус Ҷуниорро беш аз як моҳ дар майдон набинем.