Эҳтимоли рақобати «Реал» ва «Барса» дар даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо
Имрӯз, дар шаҳри Нйон маросими қуръакашии даври ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо баргузор шуд.
Ҷуфтҳо ба таври зайл мебошанд:
Ҷуфти 1: «Реал» (Испания) / «Манчестер Сити» (Англия) — «Лион» (Франция) / «Ювентус» (Италия)
Ҷуфти 2: «РБ Лейпсиг» (Олмон) — «Атлетико» (Испания)
Ҷуфти 3: «Наполи» (Италия) / «Барселона» (Испания) — «Челси» (Англия) / «Бавария» (Олмон)
Ҷуфти 4: «Аталанта» (Италия) — «Пари Сен Жермен» (Фаронса)
Дар маросими қуръакашӣ инчунин ҷуфтҳои даври ½ ниҳоӣ маълум шуданд:
Ҷуфти 1 — ҷуфти 3
Ҷуфти 2 — ҷуфти 4
Ёдовар мешавем, ки ҳамаи бозиҳои даври ¼, ½, ва финал дар Португалия баргузор мешаванд.