Эден Азар миёни Роналду ва Месси якеро интихоб кард
Собиқ вингери дастаи “Реал Мадрид” ва тими мунтахаби Белгия -Эден Азар андешаи худро дар бораи ду ситораи футболи ҷаҳон — Лионел Месси ва Криштиану Роналду баён кард.
Ба гуфтаи Азар, ӯ ҳамеша бозии Мессиро бештар меписандид. “Ман ҳамеша Мессиро интихоб мекардам, зеро футболе, ки ӯ нишон медиҳад, маҳз ҳамон футболест, ки ман дӯст медорам. Албатта метавонистам Криштиануро ном барам, зеро мухлиси “Реал” ҳастам, аммо Роналду бештар як голзани бузург ва футболбози ҳайратангез аст. Футболе, ки Месси бозӣ мекунад, бештар ба завқи ман мувофиқ аст.
Вақте бар зидди ӯ бозӣ мекунӣ, баъзан танҳо мегӯӣ: “Вау”. Мо хушбахтем, ки дар даврае ба дунё омадем, ки қариб 20 сол тавонистем бозии ӯро аз наздик тамошо кунем”, — Азар дар мусоҳиба бо нашрияи RTBF зикр кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Эден Азар аллакай фаъолияти футболбозии худро анҷом додааст. Дар ҳамин ҳол, Лионел Месси ва Криштиану Роналду то ҳол фаъолияти касбии худро идома медиҳанд.
Месси дар ҳайати “Интер Майами” ҳунарнамоӣ дорад ва ба задани 899 гол дар корнома ноил шудааст. Роналду дар ҳайати “Ал-Наср” ҳунарнамоӣ намуда, дар корнома ба задани 965 гол даст ёфтааст.