Эдер Милитао шартномаи ҳамкориро бо “Реал” дароз карданист!

Эдер Милитао шартномаи ҳамкориро бо “Реал” дароз карданист!

Ҳимоятгари "Реал Мадрид" -  Эдер Милитао шартномаи ҳамкориро бо  дастаи "шоҳона" тамдид мекунад.

Ба иттилои манбаъ, шартномаи нав то соли 2028 ҳисоб карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Милитао аз тобистони соли 2019 дар Мадрид ҳунарнамоӣ мекунад. Пеш аз ин, ӯ пироҳанҳои "Порту"-ро ҳимоя мекард.

Якҷоя бо «Реал Мадрид» футболбоз ду маротиба ғолиби Ла Лига ва дар мавсими гузашта низ ғолиби Лигаи Чемпионҳо гардида буд.