Эдгар Мамедов қаҳрамони Осиё оиди шоҳмот классикӣ гардид
Эдгар Мамедов аз Актау дар сабқатҳои шоҳмоти классикй унвони чемпионии Осиёро ба даст овард. Дар ин бора Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши вилояти Манғистау ва Федератсияи шоҳмоти Қазоқистон хабар доданд.
Рӯзи 12-уми июн дар Алмаато 26-умин Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни наврасон оғоз гардида буд. Дар Қасри варзишии ба номи Балуан Шолак тақрибан 650 нафар шоҳмотбозони аз 7 то 18-мола аз 34 кишвари ҷаҳон ҷамъ омада буданд. Ҳамин тариқ нафарони беҳтарин аз рӯи сабқатҳои шоҳмоти классикӣ, зудбозӣ ва барқвор муайян шуданд.
Эдгар Мамедов миёни писарони то 14-сола дар навъи шоҳмоти классикӣ баромад ва дар миёни 63 нафар шоҳмотбозон қаҳрамони Осиё дониста шуд.
Ӯ ба се пирӯзӣ ва се мусовӣ расида, — аз 9 хол 7,5 хол гирифт.
Эдгар Мамедов, ки вақти сабқат миёни шоҳмотбозони 14-сола ба ҷашни 14-солагиаш (18 июн) тӯҳфаи оли ебаоляш тақдим кард. Ӯ дар масири мусобиқа ҳамватанаш Артем Богданов ва шоҳмотбози муғул Тенгундалай Ганбатро маглуб кард. Эдгар Мамедов (2410, Қазоқистон) – 7½ хол, 2. Тенгундалай Ганбат (1975, Муғулистон) – 7, 3. Артем Богданов (2265, Қазоқистон) – 7, хабар медиҳад Федератсияи шоҳмоти Қазоқистон.
Зимнан, мусобиқа оиди шоҳмоти барқвор 20-уми июн оғоз шуда, бегоҳии имрӯз дар Қасри варзиш маросими ҷоизасупорӣ ба ҳамаи ғолибону ҷоизадорони Чемпионати 26-уми Осиё оид ба шоҳмот миёни навҷавонон баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 Эдгар Мамедов дар Чемпионати Осиё оид ба шоҳмоти зудбозӣ медали тилло гирифт ва барандаи медали нуқра дар намуди шоҳмоти классикӣ гардид.
Моҳи апрели соли 2024 бошад ӯ дар як мусобиқа дар шаҳри Менорка (Испания) унвони устоди байналмиллалиро гирифта буд.