“Эдмонтон” дар бозии шашуми финали Ҷоми Стэнли “Флорида”-ро мағлуб кард

“Эдмонтон”  дар бозии шашуми финали Ҷоми Стэнли “Флорида”-ро мағлуб кард

Имрӯз, 22-юми июн «Эдмонтон Ойлерз» дар бозии 6-уми силсилаи плей-оффи ниҳоии Лигаи Миллии Хоккей (NHL) дастаи «Флорида Пантерз»- ро шикаст дод. Вохӯрӣ бо ҳисоби 5:1 анҷом ёфт.

Дар ҳайати “Эдмонтон” Уоррен Вогеле, Адам Ҳенрик, Зак Ҳоман, Райан Маклеод ва Дарнелл Нурс гол заданд. Голи ягонаи “Флорида”-ро Александр Басков ба самар расонид. Сергей Бобровский 16 сейв кард.

Баъди шаш бозӣ ҳисоби серия 3-3 аст. Бозии ҳафтум рӯзи 25-уми июн дар “Амерант Банк Арена” баргузор мешавад.

Қаҳрамони кунунии Ҷоми Стэнли тими «Вегас Голден Найтс» аст, ки дар даври ниҳоӣ “Флорида”-ро бо ҳисоби 4-1 мағлуб карда буд.