Эъдоми ҷанҷолӣ, ки бозтоби ҷаҳонӣ пайдо кард

Эъдоми ҷанҷолӣ, ки бозтоби ҷаҳонӣ пайдо кард

Даври гардани варзишкоре, ки ҷойи медал буд, ҷойи таноби дор шуд. Ҷаҳон аз ин қиссаи даҳшатнок дар ҳайрат аст. Ҷаҳон то ҳол ба он чӣ рӯй додааст, бовар намекунад. Ҳама дар ҳайратанд!

Ҷумҳурии исломии Эрон аз варзишгари шинохтааш оид ба варзиши гӯштини юнону - румӣ - Навид Афкории 27 соларо эъдом кардааст. Дар бораи эъдоим Навид Афкорӣ расонаҳои давлатии Эрон хабар доданд. Эъдоми варзишгар дар яке аз зиндонҳои шаҳри Шероз сурат гирифтааст.

Афкорӣ барои ширкат дар намоишҳои хиёбонии зиддиҳукуматӣ дар соли 2018 ба қатл маҳкум карда шуд. Ин варзишгар инчунин ба ташкили гурӯҳҳои махсус барои сарнагун кардани режими кунунии кишвар айбдор шуда буд. Хонаводаи ӯ изҳор доштанд, ки варзишгар таҳти шиканҷа ба ҷинояти содирнакардааш иқрор шудааст. Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ гуфтааст, ки аз хабари қатли варзишгар дар ҳайрат афтодааст. Ҳукумати Эрон новобаста аз вокунишҳо дар дохил ва хириҷи кишвар ва ҳамзамон ташкилотҳои байналхалқиву нафарони саршинос нигоҳ накарда, субҳи 12 сентябр ҳукми қатли варзишгарро баровардааст. Қаблан роҳбари UFC Дана Уайт ва президенти ИМА Доналд Трамп аз варзишгар ҳимоят карданд, аммо мақомоти Эрон ҳукмро иҷро карданд.