Екатерина Ишенко нишони дуюми нуқраро дар БҲИ ба хазинаи медалҳои Тоҷикистон зам кард

Екатерина Ишенко нишони дуюми нуқраро дар БҲИ ба хазинаи медалҳои Тоҷикистон зам кард

Варзишгари тоҷик - Екатерина Ишенко ба даври ниҳоии рақобатҳои тенниси рӯи миз  дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ роҳ ёфт. Ишенко миёни параолимпичиён  Тоҷикистонро намояндагӣ кард. Аз намуди пара-тенниси рӯи мизн танҳо Екатерена Ишенко аз кишвари мо ба ин мусобиқа сафарбар гардида буд.

Мусобиқаи пара-тенниси рӯи миз (класси 9) ба таври даврӣ сурат гирифт. Дар мусобиқа 4 варзишгар ширкат карданд. Екатерина дар ду давр бар варзишгарони Эрон Пагоҳ Кулоҳрудӣ ва Сумайя Мустафовижафарухӣ ғалаба карда, аз варзишгари мизбон Неслихон Каваш мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол кард.


Ёдовар мешавем ,ки дар рӯзи  чоруми 5-умин  Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия рӯзи  12-уми август варзишгарони мо се медал – 1 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Медали нуқраро иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук - мусобиқаи ҷаҳиш ба дарозӣ - бо натиҷаи 7.86 метр сазовор шуд. 

Дар гӯштини юнонӣ-римӣ варзишгарони мо Асламҷон Азизов дар вазни -55кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг сазовори ду медали биринҷӣ шуданд. 


Дар расм: Илдар Аҳмадиев,Фирӯз Мирзораҷабов (-63 кг)  ва  Асламҷон Азизов  (-55 кг) 

Бозиҳо то 18 –уми август идома меёбад. Варзишгарони мо дар намудҳои гуштини юнонӣ-римӣ, камонварӣ, вазнбардорӣ, ҷудо ва каратэ мусобиқаҳоро идома медиҳанд.

Пас аз натиҷагирии шаш  рӯзи 5-умин  Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ кишвари мизбон – Туркия пешсаф аст. Варзишгарони ин мамлакат  сазовори 169 медал (60 тилло, 59 нуқра, 50 биринҷӣ) гардидаанд. Эрон бо 28  медали тилло, 23  нуқра, 25  биринҷӣ (76  медал) дар ҷои дуюм, Ӯзбекистон бо 21 медали тилло, 18  нуқра, 26 биринҷӣ (65  медал) дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Тоҷикистон бо 2  медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 25-ум аст.