Эл-Класико дар ТВ «Варзиш»

Эл-Класико дар ТВ «Варзиш»

Бозии имрӯза байни дастаҳои “Реал” ва “Барса” на танҳо дар Испания балки дар тамоми ҷаҳон бозии марказӣ ба ҳисоб меравад. Эл-Класико ин бозие мебошад, ки тамоми мардуми сайёраро ба сӯи худ мекашад. Шахсони аз футбол дурбуда низ ин бозиро интизорӣ мекашанд. Муассисаи тавлатии телевизиони “Варзиш” тасмим гирифтааст, ки ин бозии даври 26-уми Ла Лига байни “Реал” ва “Барса”-ро ба таври мустақим пешкаши мухлисон намояд. Хотиррасон мекунем, ки набарди тимҳо имшаб соати 01:00 бо вақти Душанбе баргузор мешавад.