Эл-классико – дар финали Суперҷоми Испания
Дар бозии дигари марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Испания дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Малйорка” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи ба номи шоҳ Абдулло дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи “Реал Мадрид” анҷом ёфт.
Қисми аввали бозӣ миёни дастаҳо бидуни гол поён ёфт. Дар нимаи дуюм ниммуҳофизатгари “Реал” Ҷуд Беллингем дар дақиқаи 63-юм ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 90+2-юми бозӣ дифоъгари “Малйорка” Мартин Валент муаллифи худгол шуда, ҳисобро ба фоидаи “Реал” дуболо намуд. Пас аз 3 дақиқа Родриго аз паси голбахши Лукас Васкес истифода карда, нуқтаи ниҳоиро дар ҳисоби бозӣ гузошт.
Бо ин ғалаба бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” ба финали Суперҷоми Испания роҳ ёфт. Дар финал “Барселона” интизори “Реал” аст. Вохӯрии дастаҳо рӯзи 12-уми январ дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки охирин бозии “Реал Мадрид” ва “Барселона” дар Ла Лига моҳи октябри соли 2024 дар шаҳри Мадрид бо ҳисоби 0 бар 4 ба фоидаи каталониҳо анҷом ёфта буд. Охирин бозии дастаҳо дар финали Суперҷоми Испания моҳи январи соли 2024 ба фоидаи “Реал Мадрид” бо ҳисоби 4 бар 1 анҷом ёфта буд.