Елена Рибакина ба даври нимниҳоии “Australian Open-2023” роҳ ёфт

Елена Рибакина  ба даври нимниҳоии “Australian Open-2023” роҳ ёфт

Дар Мелбурни Австралия  бозиҳои даври чаҳорякниҳоии мусобиқаи “Australian Open-2023” идома доранд.  Дар ҳамин марҳила намояндаи 25-солаи Латвия -  Елена Остапенко ва намояндаи 23-солаи Қазоқистон -  Елена Рибакина  ба ҳам омаданд.

Вохӯрӣ  теннисбозон 1 соату 21 дақиқа давом кард ва  бо ғалабаи Елена Рибакина — 6:2, 6:4 анҷом ёфт.

Ҳамакнун дар даври нимниҳоии мусобиқа Рибакина бо ғолиби ҷуфти  Ҷессика Пегула (ИМА) ва Виктория Азаренко  (Беларус) бозӣ мекунад.