Эълон!!!

Эълон!!!

Мехоҳед худро ба ҳайси шореҳ дар ТВ “Варзиш” бубинед? Мехоҳед маҳорати худро дар ин ришта бисанҷед? Телевизиони “Варзиш” ин имкониятро барои шумо фароҳам меорад.

Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав ва нафарони боистеъдод, ҳамчунин коршиносони варзидаи соҳа озмун эълон менамояд. Озмун барои ишғоли вазифаҳои мазкур гузаронида мешавад:

Сардори шуъбаи тиҷорат.

Муҳаррир 

Муҳаррири хурд

Шореҳ

Ҳар он нафаре, ки маҳорату малакаи суханварӣ дорад ва аз донишҳои варзишӣ бархурдор аст, метавонад дар яке аз ин риштаҳо шореҳи телевизиони варзиш бошад: гӯштин, хоккей, волейбол, баскетбол, гандбол, теннис, шоҳмот ва варзишҳои якҳарбаи шарқӣ.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо аз 1-ум то 30-уми апрели соли 2020. Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи info@varzishtv.tj пешниҳод намоянд. Довталабони беҳтарин барои сӯҳбати касбӣ даъват карда мешаванд. Барои иттилои бештар бо телефони 2219064 дар тамос шавед. Ҳамчунин Муассиса бо мутахассисоне, ки маҳорати баланди таҳияи барномаҳои варзишӣ доранд, тариқи шартномавӣ ҳамкорӣ менамояд.