Эълон!!!

Эълон!!!

Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав ва нафарони боистеъдод, коршиносони варзидаи соҳа озмун эълон менамояд. Озмун барои ишғол намудани вазифаҳои мазкур гузаронида мешавад:

Сардори Шуъбаи тиҷорат

Муҳаррир, коргардон, муҳаррири хурд, равшангар, барқчӣ, муҳандис

Талаботи тахассусӣ:

1.Маълумоти олӣ

2.Донистани забонҳои хориҷӣ бартарият дорад.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо аз 15 апрел то 1-уми майи соли 2021. Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи info@varzishtv.tj пешниҳод намоянд ва рӯзи 1-уми май барои суҳбат даъват карда мешаванд. Ҳамчунин Муассиса бо мутахассисоне, ки маҳорати баланди таҳияи барномаҳои варзишӣ доранд, тариқи шартномави ҳамкорӣ менамояд.

Барои иттилои бештар бо телефони 2219064 дар тамос шавед.