Эмомалӣ Нуралӣ дар мусобиқаҳои Гранд Слами Тошканд медали сеюмашро ба даст овард
Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026 оғоз шуд. Дар рӯзи якуми мусобиқа рақобатҳо дар вазнҳои то 60, 66 кг миёни мардон ва дар вазнҳои то 48, 52, 57 кг миёни бонувон сурат гирифтанд.
Тоҷикистонро дар рӯзи якуми мусобиқа Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Обид Ҷебов, Эмомалӣ Нуралӣ, Меҳрзод Суфиев , Аҳлия Мӯъминова, Кан Александра ва Мадина Қурбонзода муаррифӣ карданд.
Паҳлавони шинохтаи кишвар Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026 даври аввалро озод паси сар карда, дар даври дуюм Назар Вискови украиниро шикаст дод.
Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ Эмомалӣ бо намояндаи Ҷопон - Шинсеи Ҳаттори қувваозмоӣ карда, мағлуб шуд ва дар марҳилаи тасаллобахш Роналд Лимаи бразилиро шикаст дода, дар мубориза барои нишони биринҷӣ Аккогли Валериои итолиёвиро ноком карда, соҳиби нишони биринҷӣ шуд. Ин сеюмин медали Эмомалӣ дар мусобиқаҳои Гранд Слами Тошканд ба ҳисоб меравад. Солҳои 2023 ва 2024 дар Тошканд Эмомалӣ ба гирифтани медалҳои тилло ноил шуда буд.
Меҳрзод Суфиев (-60 кг) дар даври аввал намояндаи Ҳиндустон - Рават Сидҳарз ва дар даври дуюм Юлин Маи чиниро мағлуб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад.
Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ Суфиев аз Аҳмад Юсуфови озарӣ шикаст хӯрда, дар даври тасаллобахш бо Мичел Аугустои бразилӣ гӯштин гирифта, ноком шуд ва мақоми панҷумро касб намуд.
Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг) дар даври аввал аз намояндаи Гурҷистон - Лука Гаделиа мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.
Обид Ҷебов (-66 кг) дар даври аввали мусобиқа озод буда, дар даври дуюм мағлуби Абдуллоҳ Парчиеви рус гардид.
Мадина Қурбонзода (-52 кг) дар даври аввали Tashkent Grand Slam 2026 озод буда, дар даври дуюм аз намояндаи АМА - Бишрелт Хорлудои мувоҷеҳи шикаст шуд.
Аҳлия Мӯъминова (-48 кг) дар даври аввал аз Улбусин Хакимоваи ӯзбек мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.
Кан Александра (-57 кг) дар даври аввал аз Вита Майданики рус мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.