Эмомалии Нуралӣ аз умедҳои Тоҷикистон дар Олимпиадаи Париж -2024 мебошад
Паҳлавони ҷавони тоҷик Эмомалии Нуралӣ зери вазни то 66 килограмм муаррифгари Тоҷикистон дар 33-юмин Бозиҳои тобистонаи Олимпии Париж-2024 маҳсуб мешавад.
Эмомалии Нуралӣ қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон - Эквадор - 2022, қаҳрамони Гранд Слами Тошканд дар солҳои 2023, 2024 , барандаи нишони нуқраи Гранд Слами Анталия -2024 ва қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 2022 мебошад.
Охирин мусобиқае, ки Эмомалӣ дар остонаи Бозиҳои Олимпии Париж-2024 ширкат варзида буд, ин Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар АМА буд. Онҷо Эмомалӣ дар рақобат барои нишони биринҷӣ аз Саҳа Лукаси финландӣ мағлуб шуда, мақоми панҷумро соҳиб гардид.
Охирин медале, ки Эмомалӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дошт, ин моҳи марти имсол дар мусобиқаи Antalya Grand Slam 2024 дар Туркия буд. Эмомалӣ дар мусобиқаи мазкур бо нерӯи рустамона ва як боварии ба худ хос мубориза бурда, то ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва соҳиби нишони нуқра шуд. Эмомалӣ дар рақобати ниҳоӣ аз қаҳрамони чаҳоркаратаи ҷаҳон ва қаҳрамони олимпӣ Ҳифуми Абе дар 49 сония бо имтиёзи иппон мағлуб шуд.
Ҳифуми Абеи ҷопонӣ ҳоло дар Бозиҳои Олимпии Париж-2024 рақиби асосии ҷудокори мо Эмомалии Нуралӣ маҳсуб мешавад. Эмомалӣ ду рақобате, ки бо Абе дошт, дар ҳарду ноком шудааст. Соли 2022 дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд Эмомалӣ дар як рақобати сахту сангин ва тӯлонӣ аз Абе мағлуб шуда буд.
Ҳоло Эмомалии Нуралӣ зери роҳнамоии мураббӣ Фаррух Собиров ба таври шоиста, ба Бозиҳоии Олимпии Париж-2024 омода шудааст ва яке аз умедҳои Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бонуфуз маҳсуб мешавад.
Мо ҳам ба Эмомалӣ дар аввалин иштирокаш дар Олимпиада барору комёбӣ таманно мекунем!