Эндрю Робертсон “Ливерпул”-ро тарк мекунад
Бошгоҳи “Ливерпул” расман эълон кард, ки ҳимоятгари даста Эндрю Робертсон дар поёни мавсими ҷорӣ клубро тарк хоҳад кард. Дифоъгари 32-сола бинобар ба анҷом расидани муҳлати шартномааш аз ҳайати “мерсисайдҳо” меравад.
Робертсон аз соли 2017 дар ҳайати “Ливерпул” бозӣ карда, дар ин муддат бо даста 9 ҷом ба даст овардааст ва яке аз бозигарони калидии тим маҳсуб мешуд.
Дар мавсими ҷорӣ ӯ дар 31 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо ширкат намуда, 2 гол ва 2 паси головар ба номи худ сабт кардааст.
Қаблан инчунин маълум шуда буд, ки дар поёни мавсими 2025/26 ҳамлагари даста Муҳаммад Салоҳ низ “Ливерпул”-ро тарк мекунад.
Ҳамин тавр, бошгоҳи “Ливерпул” дар остонаи тағйироти ҷиддӣ дар ҳайати худ қарор дорад.