Энсо Фернандес ба “Манчестер Сити” мегузарад — Ҷанлука Ди Марсио

Энсо Фернандес ба “Манчестер Сити” мегузарад — Ҷанлука Ди Марсио

Нимҳимоятгари бошгоҳи футболи “Челси” Энсо Фернандес пас аз чанд соат ба шаҳри Манчестер сафар мекунад, то гузариши худро ба “Манчестер Сити” анҷом диҳад. Дар ин бора рӯзноманигори машҳур Ҷанлука Ди Марсио дар шабакаҳои иҷтимоии X хабар дод. Қаблан хабар дода шуда буд, ки бошгоҳи шаҳри Лондон барои гузариши Фернандес 120 миллион фунт стерлинг (140 миллион евро) талаб мекунад.

Энсо Фернандес аз моҳи январи соли 2023 дар сафи “Челси” бозӣ намуда, шартномаи кунунии ӯ то тобистони соли 2032 мӯҳлат дорад.

Тибқи маълумоти сомонаи бонуфузи Transfermarkt арзиши бозории футболбози аргентинӣ 100 миллион евроро ташкил медиҳад.